Фурӯзонакҳои Иззатулло Маҳмудов
Душанбе, 30 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Шояд ба ҳамагон боғи фановарӣ (парки технологӣ) – и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маълум набошад, вале бо гузашти вақти на чандон зиёд ин боғ нафақат мавзеи дамгирӣ ва истироҳати мардум, балки чун макони дастовардҳои нави фановарии илмии олимони соҳаи физикаю математикаи донишгоҳи мазкур сари забони ҳазорон тамошогаронаш дар дохилу хориҷи Тоҷикистон хоҳад шуд.Боис ба ёдоварист, ки дар ибтидои соли нави 2011 дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боғи фановарӣ (парки технологӣ) ташкил ёфт, ки дар он кормандони илмии ин донишгоҳ барои пажӯҳишҳои илмию амалӣ дастур гирифтанд.Бо роҳбарии устоди донишгоҳ Иззатулло Маҳмудов лоиҳаи тарҳи нақшаии сохтани фурӯзонакҳои диоди равшанидиҳанда (светодиод) омода карда шудааст. Ин лампаҳо нисбат ба фурӯзонакҳои тафсони аҳди шӯравӣ 10 маротиба ва нисбат ба фурӯзонакҳои каммасрафи (люминессентӣ) 2- 3 маротиба камхарҷ мебошанд.Бино ба гуфти устоди ин донишгоҳ И. Маҳмудов, як фурӯзонаки диоди равшанидиҳанда (светодиод) – и иқтидораш 5 В/таи ихтирокардаи ӯ метавонад фурӯзонаки ҳозираи 20 В/та-ро иваз намояд. Муҳимаш ин ст, ки фурӯзонакҳои лоиҳавии Иззатулло Маҳмудов барои инсон ва табиат безарар ва бехатаранд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






