Ганҷинае, ки тоҷиконро муаррифӣ месозад
Душанбе, 10 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар Теҳрон китобхонаи пажӯҳишӣ ифтитоҳ гардид, ки он бо ташаббуси Аҷумани дӯстии Тоҷикистону Эрон созмон дода шудааст. Ҳадаф аз таъсиси ин ганҷина посух гуфтан ба бахше аз ниёзҳои пажӯҳишгарон ҷиҳати дастрасӣ ба китобу адабиёт ва дастовардҳои илмию фарҳангӣ ва иҷтимоии тоҷикон ва ошноӣ бо китобҳои дар Эрон нашршуда аст, ки бо Тоҷикистон алоқамандӣ доранд.Дар маросими ифтитоҳи китобхонаи пажӯҳишӣ Давлаталӣ Ҳотамов, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, Муҷтаҳиди Шабистарӣ, Раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Эрон, Раҳимӣ, Раиси маркази ҳамоҳангсозии анҷуманҳои дӯстии Вазорати корҳои хориҷии Эрон, меҳмонон аз анҷуманҳои дӯстии Канада, Олмон, Индонезия, Ҷопон, Бразилия, донишмандон аз Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, Бунёди байналмилалии башардӯстӣ, Анҷумани дӯстдорони Ҳофиз ва дигар намояндагони илму адаб аз Тоҷикистону Эрон ва Туркия ширкат намуданд.Иштирокдорони маросим ифтитоҳи китобхонаи пажӯҳиширо қадами устувор дар тавсеаи ҳамкориҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон арзёбӣ карданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






