Гомҳои устувори Тоҷикистон дар татбиқи ислоҳоти соҳибкорӣ
Душанбе, 16 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ислоҳот ва рушди соҳибкорӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шуда, соли дуюм аст, ки тибқи ҳисоботи ҳарсолаи Бонки ҷаҳонӣ — «Пешбурди тиҷорат» ба қатори даҳгонаи давлатҳои ислоҳотгар шомил мегардад. Бояд гуфт, ки новобаста ба ин, Ҳукумати ҷумҳурӣ татбиқи ислоҳотҳоро ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ давом дода истодааст.Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 апрели соли 2011 дар миқёси ҷумҳурӣ 14 ҳазору 326 субъекти нави соҳибкорӣ ба қайд гирифта шуда, дар маҷмӯъ то моҳи апрели соли равон дар ҳудуди ҷумҳурӣ шумораи умумии соҳибкорон 108679 нафарро ташкил дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






