Густариши муносибатҳои Тоҷикистону Покистон
Душанбе, 10 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — 9 августи соли 2011 дар доираи сафари кории Вазири коммуникатсияи Ҷумҳурии Исломии Покистон доктор Арбоб Оламгир Хон мулоқоти ӯ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои густариши муносибатҳои байни Тоҷикистону Покистон табодули назар карданд. Ҳангоми баррасии масъалаҳо қайд гардид, ки ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаи савдо, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия бомуваффақият тавсеа меёбанд.Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари кории Вазири коммуникатсияи Покистон, ҳамчунин вохӯриҳои ӯ бо дигар шахсони расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






