Ифтитоҳи бинои нави Раёсати андози Душанбе
Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз, 17 август дар арафаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ бинои нави маъмурии Раёсати андози шаҳри Душанбе ва нозироти андоз дар ноҳияи Фирдавсӣ чун армуғони ҷашнӣ мавриди баҳрабардории кормандони соҳа қарор дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи бино роҳбарияти Кумитаи андоз, намояндагони ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ ва кормандони мақомоти андоз ширкат варзида, ба истифода додани чунин як бинои маъмурии хуштарҳу замонавиро аз шарофати соҳибистиқлолии кишвар арзёбӣ намуданд. Бинои нави Раёсати андози шаҳри Душанбе ва нозироти андоз дар ноҳияи Фирдавсӣ аз таҳхона ва 5 ошёна иборат буда, бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонида шудааст. Ёдовар мешавем, ки сохтмони иншоооти мазкур соли 2010 аз тарафи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Ориёно-Сорво” оғоз гардида буд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






