Ифтитоҳи бинои нави таълимии Донишгоҳ дар Хуҷанд
Душанбе, 5 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Бинои мазкур бо харҷи 8,5 миллион сомонӣ бунёд ёфта, дорои 2 толор, 98 синфхона, аз ҷумла 7 синфхонаи компютерӣ, лингофонӣ, синфхонаҳои махсус ва лабораторияҳои фаннӣ мебошад.Президенти кишвар зимни суханронии худ зикр намуд, ки «ин боргоҳи илму маърифат аз марказҳои бонуфузи таълиму тарбияи кадрҳо дар самти ҳуқуқшиносӣ, идоракунӣ, сиёсатшиносӣ, иқтисоди ҷаҳонӣ, соҳибкорӣ, молия ва низоми иттилоотӣ буда, аз ҷумлаи самараҳои неки даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад». Мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави таълимии Донишгоҳ аз иқдомҳои созандаест, ки дар доираи Барномаи давлатии сохтмон ва таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008 — 2015 сурат гирифта, ҳоло имконият медиҳад, ки донишҷӯён дар синфхонаҳои барҳавою муҷаҳҳаз бо техникаи муосир таҳсил кунанд ва донишу касб омӯзанд. Президенти мамлакат ба ҳамаи сохтмончиёне, ки барои сари вақт ва бо сифати баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои нави таълимӣ саъю кӯшиш намудаанд, миннатдорӣ баён намуд. Тавре зикр гардид, бинои мазкур барои 3000 нафар толибилмон пешбинӣ шуда, дар он факултаҳои ҳуқуқшиносӣ, бизнесу идораи инноватсионӣ ва молияю қарз ҷойгир шудаанд.Таъкид шуд, ки дар раванди тайёр кардани кадрҳо ба масъалаи баланд бардоштани сифати таълим эътибори аввалиндараҷа дода шавад.Вобаста ба ин Президенти мамлакат Вазорати маориф, Агентии давлатии сохтмон ва меъморӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва раёсати Донишгоҳhj вазифадор намуд, ки дар давоми се соли минбаъда барои ба истифода додани биноҳои сохтмонашон нотамоми воқеъ дар шафати Донишгоҳ – маҷлисгоҳ барои 500 ҷойи нишаст, ошхона барои 300 ҷойи нишаст, толори варзишии муҷаҳҳаз ва биноҳои иловагии таълимӣ корҳои сохтмониро идома диҳанд.








Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






