Ифтитоҳи корхонаи муштараки Зарафшон
Душанбе, 3 август. (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри Панҷакент бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин як корхонаи нави заршўӣ дар назди корхонаи муштараки Зарафшон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар он имрўз 140 нафар аз аҳолии маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шудаанд. То охири соли равон шумораи коргарону мутахассисон танҳо дар ҳамин корхона ба 300 кас ва дар корхонаи муштараки Зарафшон ба зиёда аз 2000 нафар хоҳад расид.Корхонаи нави заршўӣ бо иқтидори имрўзааш дар як шабонарўз метавонад то 2 ҳазор тонна маъданро коркард намуда, аз он тилло ва дигар металҳои қиматбаҳоро ҷудо кунад. Тибқи нақшаҳои мавҷуда то охири соли равон дар ин ҷо, ҳамчунин як корхонаи афинажӣ ба кор дароварда мешавад, ки ин дастоварди бузурги технологӣ дар Тоҷикистон хоҳад буд.Тавре зикр гардид, ҳаҷми истеҳсоли тилло дар корхонаи муштараки Зарафшон то соли 2013 ба 5 тонна дар як сол ва маблағи фурўши он ба 200 миллион доллари амрикоӣ баробар хоҳад шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд






