Ифтитоҳи маҷмааи варзишии «Далерон» дар Истаравшан

Август 4, 2011 13:01

Душанбе, 4 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз дар маркази шаҳри Истаравшан бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи варзишии «Далерон» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Маҷмааи мазкур аз ҷониби ширкати хусусии «Дурдона» дар майдони 2 гектар бунёд ёфтааст.Мавриди зикр аст, ки соли гузашта ҳангоми сафари корӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба соҳибкорони маҳаллӣ дастур дода буд, ки дар маркази ин шаҳри бостонӣ барои наврасону ҷавонон ва дӯстдорони варзиш маҷмааи варзишии замонавӣ бо тамоми шароиту лавозимоти зарурӣ бунёд намоянд. Зеро бунёди ҳама гуна иншооти варзишӣ ва ҷалби ҷавонон ба онҳо беҳтарин воситаи ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва муҳимтар аз ҳама, гирифтани пеши роҳи кирдорҳои номатлуб дар байни наврасону ҷавонон мебошад.Толори марказии маҷмаа, ки дарозию паҳноияш 42 бар 30 метр мебошад, бо зиёда аз 1000 ҷойи нишаст барои тамошобинон ҷавобгӯ ба меъёрҳои хуби байналмилалӣ аст.Маҷмааи варзишӣ, ҳамчунин дорои корти муосири теннис бо 700 ҷойи нишаст барои тамошобинон, майдончаи футболи наврасон бо 600 ҷойи нишаст ва иншооти фароғатӣ ва ёрирасон мебошад.Зикр шуд, ки ин амал дар партави сиёсати ободкориву созандагии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Шӯҳрат Қутбиддинов анҷом ёфтааст. Бояд хотиррасон намуд, ки Шӯҳрат Қутбиддинов зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони кишвар моҳи декабри соли 2010 ваъда дода буд, ки то солгарди 20 – уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон як маҷмааи бошукӯҳи варзишӣ дар шаҳри Истаравшан бунёд менамояд. Имрӯз ин соҳибкори баору номус ваъдаашро иҷро намуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ барои ин иқдоми наку ва дастгирии сиёсати созандагии роҳбарияти кишвар арзи сипос кард.Ба гуфти худи соҳибкор ӯро ба ин кор таваҷҷӯҳи махсуси Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба рушди варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва тарғиби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим водор намуд.Дар муддати бист соли соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон раванди босуръати ободониву созандагӣ, бунёди ҷомеаи адолатпарвари шаҳрвандӣ, пешрафти рӯзафзуни илму маориф, фарҳангу маънавиёт, болоравии ҳисси ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандориву ватанпарастӣ дар фазои эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ пайгирона амалӣ шуда истодааст, -изҳори хушнудӣ кард Эмомалӣ Раҳмон.Ҳамчунин Президенти кишвар ба ҳамаи мутахассисону сохтмончиён ва роҳбарони Ҷамъияти “Дурдона”, ки бо иқдому ташаббуси шахсӣ ин маҷмааи варзиширо барои наврасону ҷавонон дар мӯҳлати начандон зиёд бунёд кардаанд ва барои муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуда, дар ободсозии як гӯшаи Ватани азизамон саҳми сазовори худро гузоштаанд, изҳори сипосу миннатдорӣ намуда илова кард, ки Ҳукумати кишвар доимо омода аст мақсаду нақшаҳои соҳибкорони ватаниро дар ҳама ҳолат дастгирӣ намояд, зеро онҳо пеш аз ҳама фароҳамоварандаи ҷойҳои нави корӣ, истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниёзи мардум ва воридкунандаи техникаву технологияи навтарин, эъморгари муассисаҳои тандурустӣ , хизматрасонӣ, мактабу синфхонаҳои иловагӣ буда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва мустаҳкам гардидани иқтидори иқтисодиву иҷтимоии кишвар садоқатмандона заҳмат мекашанд, эътибору тавоноии мамлакатамонро афзун ва ба ҷаҳониён муаррифӣ месозанд.

Август 4, 2011 13:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд