Имзои паймон бо «Евромонитор интернейшнл»
Душанбе, 9 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Тибқи Созишномаи ҳамкории Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ ба номи А. Фирдавсӣ бо «Евромонитор интернейшнл», ин созмон барои хонандагони Китобхонаи миллӣ 8 миллион маълумотномаи омории муқоисавии байналмилалӣ доир ба масъалаҳои иқтисод ва демографияро фароҳам меорад.Мавриди зикр аст, ки Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ, алҳол дорои 3 миллиону 300 ҳазор китоб буда, 35 ҳазор хонанда дорад. Дар остонаи ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе бинои нави Китобхонаи миллӣ мавриди истифода қарор дода мешавад, ки дар он то 10 миллион китоб ва адабиёти гуногун маҳфуз хоҳад буд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






