Имзои Ёддошти тафоҳум
Душанбе, 10 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ёддошти тафоҳум дар хусуси ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар бахши муҳити зист ба имзо расид. Ба гузориши равобити умумии Сафорати Эрон дар Душанбе ин санад дар ҳошияи баргузории чорумин иҷлосияи вазирони муҳити зисти Созмони ҳамкории иқтисодӣ /ЭКО/ дар Теҳрон аз ҷониби Талбак Салимов, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муҳаммадҷавод Муҳаммадизода, Раиси Созмони ҳифозат аз муҳити зисти Эрон ба имзо расидааст.Дар асоси ин санад ҳамкориҳо дар бахши ҳифзи муҳити зист байни ду кишвар густариш хоҳад ёфт. Тибқи он бозомузӣ ва такмили ихтисоси кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон дар созмони ҳифозати муҳити зисти Эрон ба роҳ монда шуда, инчунин Эрон барои эъмори осорхонаи табиӣ — таърихӣ дар шаҳри Душанбе саҳмугзорӣ менамояд. Дар асоси Ёддошти тафоҳум тамоюли таҳкими ҳар чӣ бештари равобити дӯстона ва ҳамкории стратегии миёни ду давлат, ҳамкорӣ дар бахши мудирияти муассири муҳити зист дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ ба хотири наслҳои имрӯз ва ояндаи Тоҷикистону Эрон ва башарият ба роҳ монда мешавад. Дастёбӣ ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола, коҳиши сатҳи камбизоатӣ, ҳамкориҳои устувор ва дарозмуддат дар бахши ҳифзи муҳити зист аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки дар ин санад зикр шудаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет






