Интихоби такрории Харухико Курода

Август 12, 2011 10:04

Душанбе, 12 август (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Шӯрои мудирони Бонки Рушди Осиё (БРО) Харухико Куродаро бо як овоз боз ба муддати 5 сол президенти БРО такроран интихоб намуд.Тавре дар намояндагии БРО дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Х.Курода бори нахуст моҳи ноябри соли 2004 президенти БРО интихоб гардида, 1 феврали соли 2005 ба иҷрои вазифаҳояш расман шурӯъ карда буд. Х.Курода дар давраи мансаби президенти Бонки Рушди Осиёро ишғол карданаш сармояи аввалияи Бонкро се маротиба афзоиш дода, аз 55 миллиард доллар ба 165 миллиард доллари ИМА расонида, ҳаҷми маблағгузории ройгони Бунёди Рушди Осиёро хеле афзун намуд, ки ин ба БРО имкон медиҳад, ба масъалаҳои тағйир додани иқлим мадад карда, мамлакатҳои сусттараққию ихтилофотдорро бештар пуштибонӣ намояд.

Август 12, 2011 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард