Истеҳсоли гӯшт зиёд гардид

Август 26, 2011 09:16

Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ дар моҳҳои январ – июли соли 2011 ҳаҷми истеҳсоли гӯшт дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидорӣ ба 63 ҳазору 78 тонна расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,4 фоиз зиёд аст.Ба иттилои манбаъ, истеҳсоли гӯштро хоҷагиҳои чорвопарвари вилояти Хатлон 6,9 фоиз, вилояти Суғд 5,5 фоиз, ноҳияҳои Файзобод- 6,9, Шаҳринав – 5,2, Ваҳдат — 4,9, Роғун — 4,1, Рӯдакӣ- 2,6 ва ноҳияи Тавилдара 2,2 фоиз зиёд намуданд. Зиёд шудани истеҳсоли гӯшт дар мавридест, ки нархи он дар бозорҳои ҷумҳурӣ ба 23 – 24 сомонӣ баробар шудааст ва мумкин буд дар сурати дахолат накардани ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва идораҳои марбутаи он имкон дошт қимати он боз ҳам боло равад. Соли 2010 бо вуҷуди камтар истеҳсол шудани гӯшт нархи он дар бозорҳои ҷумҳурӣ 17 – 18 сомонӣ боқӣ монд, ки ин боиси тааҷҷуб аст. Пас чӣ тавр метавонад истеҳсоли барзиёд боиси болоравии нархҳо гардад? Ин саволи матраҳест, ки идораҳои марбута сари он бояд андеша кунанд.

Август 26, 2011 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд