Истеҳсоли гӯшт зиёд гардид
Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ дар моҳҳои январ – июли соли 2011 ҳаҷми истеҳсоли гӯшт дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидорӣ ба 63 ҳазору 78 тонна расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,4 фоиз зиёд аст.Ба иттилои манбаъ, истеҳсоли гӯштро хоҷагиҳои чорвопарвари вилояти Хатлон 6,9 фоиз, вилояти Суғд 5,5 фоиз, ноҳияҳои Файзобод- 6,9, Шаҳринав – 5,2, Ваҳдат — 4,9, Роғун — 4,1, Рӯдакӣ- 2,6 ва ноҳияи Тавилдара 2,2 фоиз зиёд намуданд. Зиёд шудани истеҳсоли гӯшт дар мавридест, ки нархи он дар бозорҳои ҷумҳурӣ ба 23 – 24 сомонӣ баробар шудааст ва мумкин буд дар сурати дахолат накардани ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва идораҳои марбутаи он имкон дошт қимати он боз ҳам боло равад. Соли 2010 бо вуҷуди камтар истеҳсол шудани гӯшт нархи он дар бозорҳои ҷумҳурӣ 17 – 18 сомонӣ боқӣ монд, ки ин боиси тааҷҷуб аст. Пас чӣ тавр метавонад истеҳсоли барзиёд боиси болоравии нархҳо гардад? Ин саволи матраҳест, ки идораҳои марбута сари он бояд андеша кунанд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






