Истифодаи маблағҳои қарзӣ
Душанбе, 4 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов, дар доираи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар нимаи аввали соли 2011 742 млн. доллари амрикоӣ маблағҳои қарзӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.Ба иттилои манбаъ, айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 56 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ мегардад, ки он беш аз 11 соҳаи гуногуни иқтисодиро дарбар гирифтааст.Ба гуфти Д.Саидов, маблағи умумии татбиқи лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 1 млрд.732,9 млн. доллари амрикоӣ баробар аст, ки 61,7 фоизи онро маблағҳои қарзӣ, 28,2 фоизашро маблағҳои грантӣ ва 7,8 фоизи дигарро саҳми ҶТ ташкил медиҳад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






