Истифодаи нерӯи имомхатибон дар моҳи шарифи Рамазон

Август 2, 2011 13:35

Душанбе, 2 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар моҳи мубораки Рамазон санҷишҳои мақомоти дахлдори назоратии давлатӣ, ба истиснои Хадамоти санитарию байторӣ дар бозорҳои пойтахт қатъ карда мешавад. Ин тадбир бо мақсади коҳиш додани нархи маҳсулот дар моҳи Рамазон андешида шудааст. Матлаби мазкур дар ҷаласаи шаҳрдорӣ, ки таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе бо иштироки масъулини сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ, соҳибкорони ба интиқол ва фурӯши маҳсулоти гӯштӣ ва маводи сӯзишворӣ машғулбуда, имомхатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ баргузор гардид, зикр шуд.Ҳамчунин зикр шуд, ки комиссияи марбутаи депутатию ҷамъиятӣ нисбат ба масъалаи аз ҷамъоварии яквақтаинаи маблағҳо дар тамоми бозорҳо озод намудани соҳибкорони ба фурӯши маҳсулоти ғизоӣ машғулбуда зимни омӯзиш унвонии шаҳрдорӣ таклиф ирсол намоянд. Барои тақвияти корҳои оммавӣ ҷиҳати дар моҳи шарифи Рамазон даст задан бо кори хайр ва аз рӯи инсоф кор гирифтан дар савдои молу маҳсулот дастур дода шуд, ки нерӯи имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи Душанбе ба ин самт равона карда шавад. Бо ин мақсад муқаррар гашт, ки ба бозорҳои коммуналӣ имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва ба бозорҳои хусусӣ имомхатибони масҷидҳои панҷвақта вобаста карда шаванд.Дар ҷаласа дар робита ба масъалаи маводи сӯзишвории нақлиётӣ соҳибкорон иқдом намуданд, ки дар моҳи Рамазон шурӯъ аз 2 августи соли ҷорӣ дар ҳама нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишворӣ дар шаҳр новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ 1 литр бензини навъи АИ-92 бо нархи 6 сомонию 20 дирам ва гази моеъро бо нархи 2 сомонию 90 дирам ба фурӯш мегузоранд

Август 2, 2011 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад