Изи ангуштони киро гирифтанд?

Август 29, 2011 13:39

Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сардори шӯъбаи таъминоти назорати (ШТН) — и Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе полковники милиса Қудратулло Ғуломов, тибқи чорабиниҳои фаврӣ — пешгирикунии Вазорати корҳои дохилии ҶТ аз 19 –уми май то 20 – уми августи соли ҷорӣ бо мақсади амнияти аҳолии шаҳри Душанбе дар баргузории ҷашни 20 – солагии Истиқлолияти давлатӣ амалиёти «Тартибот» ҷамъбаст гардид. Дар марҳилаи гузаронидани амалиёт 419 кӯчаи 99 маҳалла ва 44 шаҳрак мавриди санҷиш қарор гирифт. Дар амалиёт 78 ҳазору 320 хонаи маҳаллӣ, 3 ҳазору 40 хонаи баландошёна, 180 иншооти нотамом, 23 меҳмонхона ва 28 масҷиди ҷомеъ санҷида шуд.Зимни амалиёт беш аз 581 ҳазору 500 нафар истиқоматкунандагон санҷида шуданд. Дар ин санҷиш муайян шуд, ки дар пойтахт 900 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва бетабаа, қариб 1850 шаҳрванд дар қайди профилактикии шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияҳои шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунанд. Дар рафти амалиёт аз тарафи кормандони мақомоти умури дохилӣ 9 ҳолати гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ошкор шуда, 35 нафар ҷинояткорони дар кофтуков қарордошта дастгир шуданд. Зимни ин амалиёт 4 ҳазору 600 нафар шаҳрвандон ба шӯъбаҳои корҳои дохилӣ оварда шуда, намунаи изи ангуштонашон гирифта шуд.

Август 29, 2011 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд