Кӣ соҳиби «Овози тиллоӣ» шуд?
Душанбе,15 август. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Даври ниҳоии озмуни фарҳангии «Овози тиллоӣ» ҷамъбаст гардид. Дар даври ниҳоӣ 17 нафар беҳтаринҳо ширкат варзида, бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ шуданд. Аз ҷумла, дар жанрҳои «мақом» — Фирдавс Неъматов (Конибодом), «эстрада» — Бахтовар Маҳмудов (Душанбе), «суруди халқӣ» — Дубаи Умар (Кӯлоб) ва «фалак» — Чоршанбе Аловатов (Душанбе) маҳорати хосса нишон доданд.Директори Муассисаи давлатии телевизиони кӯдакон ва наврасон «Баҳористон» Зевар Давлатова зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки озмуни имсола аз озмунҳои солҳои қаблӣ фарқи зиёд дошт, зеро кормандони телевизиони «Баҳористон» ба кулли минтақаҳои ҷумҳурӣ сафар карда, истеъдодҳои навро, ки ҳамқадами соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳастанд, кашф карданд. Онҳо воқеан соҳибистеъдод буда, ояндаи дурахшон доранд. Ёдовар мешавем, ки озмуни «Овози тиллоӣ»тайи ду сол бо ташаббуси Муассисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон» идома карда, дар он наздики 1600 нафар кӯдакону наврасон аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Маврид ба зикр аст, ки озмуни «овози тиллоӣ» соли оянда ҳам бо мазмуну мӯҳтавои нав ва хубтару ҷолибтар идома хоҳад кард.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






