Кӯли Ҷавонон
Кӯлоб, 6 август. (АМИТ «Ховар», С. Холов). – Давоми 20 соли истиқлолият дар шаҳри Кӯлоб садҳо иншооти маъмурию маишӣ ва фарҳангию фароғатӣ, тандурустию маърифатӣ сохта ва ба истифода дода шуд. Айни замон кормандони ширкати сохтмонии «Султон», ки сарварии онро Ҳабибулло Раҳимов ба ӯҳда дорад, бо ҷидду ҷаҳд таъмиру барқарорсозии кӯли ҷавонони шаҳри Кӯлобро вусъат мебахшанд. Кӯли ҷавонон ҳанӯз солҳои 80 – уми асри гузашта сохта шуда ва солҳои тӯлонӣ аз фаъолият бозмонда буд. Дар таъмиру барқарорсозии кӯли ҷавонон, ки аз ду ҳавз ва якчанд марказҳои хизматрасонӣ иборат аст, айни замон беш аз 80 нафар коргарону мутахассисон ҷалб гардида, кор дар ду баст ба роҳ монда шудааст. Ёдрас менамоем, ки аз ду ҳавз яке бо ғунҷоиши 13,5 ҳазор метри мукааб об дар рӯзҳои наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






