Кӯмаки амалии корхонаи илмию истеҳсолии «Маводи биологӣ»
Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ академик Ҳукуматулло Аҳмадов, бо супориши Хадамоти назорати давлатии байторӣ олимони корхонаи илмию истеҳсолии «Маводи биологӣ» доир ба пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои сироятӣ, аз қабили вабои сумдарди ҳайвонот, тоуни чорвои хурд, плевропневмонияи сироятии бузҳо, хламидиози ҳайвонот ба чорводорони ноҳияҳои Ҳисор, Вахш, Панҷ, Бохтар, Данғара ва Рашт кӯмаки амалию методӣ расониданд.Дар давоми 7 моҳи соли 2011 бар зидди бемории сенурез 22 ҳазор воя бароварда, дар хоҷагиҳои чорвопарвари ноҳияҳои Данғара ва Вахш мавриди истифода қарор дода шуд. Айни замон дар корхонаи илмию истеҳсолии «Маводи биологӣ» 200 литр вояи зидди сияҳбод – левотетросулфин ва левотетросиклин тайёр карда мешавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






