Кӯмаки навбатии ИМА ба таъмини амният дар Тоҷикистон

Август 19, 2011 09:08

Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 18 август дар шаҳри Душанбе Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймӯъмин Ятимов ва сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кен Гросс Ислоҳоти №11-ро ба Созишномаи байни ҳукуматҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи назорати маводи мухаддир ва ҳифзи ҳуқуқ ба имзо расониданд.
 
Тибқи ин Созишнома Ҳукумати ИМА тавассути пешниҳоди барномаҳои омӯзишӣ, таҷҳизот, инфрасохтор ва коршиносӣ барои тақвияти амнияти марзҳо, ҳифзи ҳуқуқ ва волоияти қонун дар Тоҷикистон беш аз 7 миллион доллари ИМА ҷудо мекунад. Ёдовар мешавем, ки бо кӯмаки мазкур Барномаи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ба мардуми Тоҷикистон аз соли 2003 барои дастгирии соҳаҳои амният ва адлия беш аз 41 миллион доллари ИМА ҷудо кардааст.

Август 19, 2011 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд