Кӯмаки низомиён ба кӯдакони маъюб

Август 5, 2011 15:39

Душанбе, 5 август (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Афсарону сарбозони пойгаҳи низомии 201 – уми Русия дар Тоҷикистон ба тарбиягирандагони мактаби махсуси ҷумҳуриявии кӯдакони мубталои бемории фалаҷ ва мактаби ҷумҳуриявии кӯдакони сустбосираи ноҳияи Ҳисор кӯмаки моддӣ расониданд. Тавре ёвари қумондони пойгаҳи низомии 201 – уми Русия оид ба таъмини иттилоотӣ Дмитрий Матушкин ба АМИТ «Ховар» хабар дод, хизматчиёни ҳарбии Русия маъмурият ва дастпарварони мактабро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон муборакбод намуда, ба кӯдакони маъюб беш аз 100 адад бозича тақдим намуданд.«Пойгаҳи низомии Русия беш аз 10 сол боз ба муассисаҳои махсуси таълимии Тоҷикистон дасти ёрӣ дароз мекунад ва ният дорад, ки ба кӯдакони имконияташон маҳдуд минбаъд ҳам кӯмак намояд», гуфт Д.Матушкин.

Август 5, 2011 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад