Кадоме аз тарабхона ва меҳмонхонаҳои Душанбе беҳтарин аст?

Август 4, 2011 11:31

Душанбе, 4 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 20-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт озмуни «Беҳтарин тарабхона, меҳмонхона ва ошхона» гузаронида мешавад.Дар ин хусус Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор ба имзо расонид.Озмуни мазкур бо мақсади рақобатпазиргардонии меъёрҳои байналмилалии фарҳанги хизматрасонӣ, баланд бардоштани мавқеъ ва нақши соҳибкорон дар ҷомеа, таблиғи беҳтарин навовариҳо, ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо, инчунин, рушди минбаъдаи соҳибкории хурду миёна дар пойтахт гузаронида мешавад.Озмун, ки аз 30 июл шурӯъ гардидааст, то 20 августи соли 2011 байни соҳибкороне, ки дар тарабхона, меҳмонхона ва ошхонаҳои пойтахт фаъолият доранд, гузаронида шуда, натиҷаи он 25 август ҷамъбаст мегардад.Шавкат Саидов, котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе, мегӯяд, ки хизматрасонӣ дар меҳмонхонаю тарабхонаҳо яке аз ҷузъиёти таркибии муаррифии фарҳанг ва хусусиятҳои хоси ҳар як миллат ва давлат маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, баргузории чунин озмун дар робита ба таҷлили 20-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатӣ барои муаррифии беҳтарин дастовардҳо ба меҳмонони хориҷӣ ва шаҳрвандон барои рушди сатҳи хизматрасонӣ ва ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ будани ҳар як субъекти хоҷагидори хизматрасон мусоидат менамояд.Ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани озмун комиссия таъсис дода шудааст.Ғолибони озмунро мукофоту ифтихорномаҳо интизор аст.Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сайвалӣ Сафаров, муовини Раиси шаҳри Душанбе, ки масъули бахши иқтисод аст, вогузор шудааст.

Август 4, 2011 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад