«Кайҳон» мавсимро ҷамъбаст кард
Душанбе, 11 май. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева)- Фароғатгоҳи кўдаконаи «Кайҳон»-и Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, воқеъ дар дараи хушманзараи Ромит имсол дар се баст фаъолият намуд. Кормандони фурудгоҳ биноҳои истиқоматӣ, ошхона, нуқтаи тиббӣ, толори маҷлисгоҳ, майдончаҳои варзишӣ ва фароғатӣ, ҳавзи шиновариро аз таъмири хушсифат бароварданд.Имсол дар маҷмўъ 490 нафар бачагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд. Дар басти аввал 10 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернати ноҳияи Ҳисор ва дар басти сеюм 22 нафар аз оилаҳои камбизоати шаҳри Кўлоб ба фароғатгоҳ ҷалб шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






