«Камаз» чаро сӯхт ?
Душанбе, 25 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 24 августи соли ҷорӣ дар километри 23-юми роҳи автомобилгарди Хоруғ-Кӯлоб-Душанбе, воқеъ дар ноҳияи Шӯрообод, ҳангоми ба самти Душанбе ҳаракат кардан дар автомашинаи тамғаи «Камаз», ки онро Гулаҳмадов Мастибек идора мекард, сӯхтор ба амал омад.Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии кишвар иттилоъ доданд, автомашинаи мазкур бо борҳои дар дохили бордонаш буда пурра сӯхта нобуд шуд. Зарари расонидашуда 14 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Сабаби сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои электрикии автомашина мебошад.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






