Карзай дар маросими бурёкӯбон иштирок мекунад
Душанбе, 29 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҳомид Карзай, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, 1 сентябр ҷиҳати иштирок дар нишасти чоргонаи сарони кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Покистон ва Афғонистон бо як ҳайати баландпоя озими Душанбе мегардад.Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Муҳаммадаюб Самадӣ, котиби аввали сафорати Афғонистон дар Душанбе иттилоъ дод. Ҳамзамон, Ҳомид Карзай дар маросими ботантанаи ифтитоҳи бинои нави сафорати Афғонистон дар Душанбе иштирок менамояд. Бояд тазаккур дод, ки хишти аввали бинои нави сафорати Афғонистон ду сол муқаддам, моҳи феврали соли 2009 бо иштироки Сарони ду кишвари дӯсту ҳамҷавор- Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Афғонистон Ҳомид Карзай гузошта шуда буд. Корҳои сохтмониро дар иншооти мазкур ширкати «Рӯзбахт», ки миёни 15 ширкати дар тендер иштирокдошта ғолиб омада буд, ба анҷом расонидааст. Иншоот аз бинои консулӣ, идорӣ, толори бузурги дорои 400 ҷойи нишаст, иқоматгоҳи сафир ва оппортумон барои 12 нафар кормандони сафорат иборат буда, якошёна, сеошёна ва чорошёна мебошанд.Мавриди зикр аст, ки Афғонистон ҳанӯз қабл аз Истиқлолият пайдо намудани Тоҷикистон 14 майи соли 1990 консулгарии худро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуда буд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






