Кишоварзон пешгуӣ мекунанд
Душанбе, 8 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти мудири Пажӯҳишгоҳи зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Саидҷамол Саидов, гузаронидани санҷишҳои пешакӣ дар хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ имкон дод, ки ҳосилнокии пахта дар соли 2011 пешгӯӣ карда шавад.Ба иттилои манбаъ, соли ҷорӣ ҳосилнокии пахта аз ҳар гектар дар вилояти Суғд 24- 25 сентнер, дар вилояти Хатлон – 25 – 26, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — води Ҳисор беш аз 27 сентнерӣ пешгбинӣ гардидааст. Тибқи пешгӯии мутахассисон, соли ҷорӣ беш аз 500 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намудан имкон дорад. Ҳачунин дар назар аст, ки соли ҷорӣ беш аз 15 ҳазор тонна пахтаи маҳиннах ба даст оварда шавад. Чунин ҳосил дар давоми 20 соли истиқлолият бори аввал ба ҳисоб гирифта шудааст.Ба гуфти масъулини Вазорати кишоварзӣ, аз рӯзи 10 – уми август дар қисмати ҷанубии кишвар мавсими ҷамъоварии пахта оғоз мегардад. Пахтакорони води Ҳисор ба ҷамъоварии ҳосили имсолаи пахта аз 1 –уми сентябр ва пахтакорони вилояти Суғд бошанд аз 10 – уми он шурӯъ хоҳанд кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






