Кишти такрорӣ барзиёд иҷро шуд
Душанбе, 8 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ кишти такрорӣ босуръат идома дорад. Бино ба иттилои манбаъ нақшаи кишти такрорӣ соли ҷорӣ 70 081 гектарро дар бар мегирад, ки он барзиёд иҷро гардид, яъне дар масоҳати 81 624 гектар (116%) кишти такрорӣ гузаронида шуд. Аз ҷумла, зироати ғалла дар 39 123 га, ҷуворимакка барои дон дар 15809 га, шолӣ дар 7942 га, дигар ғаллагиҳо дар 15 373 га, картошка дар 645,3 га, сабзавот дар 8788 га, полезӣ дар 2645 га, зироати техникӣ дар 2705 га ва зироати хӯроки чорво дар 27718 гектар кишт шудааст. Нақшаи кишти такрорӣ дар вилояти Суғд 20 535 гектар буда ва айни ҳол дар масоҳати 20 925 гектар (102%) кишти такрорӣ гузаронида шудааст. Дар вилояти Хатлон нақшаи кишти такрорӣ 38 500 гектар буда, то имрӯз дар 44 319 гектар (115%) кишти такрории зироат сурат гирифтааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 397 гектар зиёд мебошад. Дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ соли ҷорӣ нақшаи кишти такрорӣ 10 935 гектар буда то имрӯз 16 330 гектари он (149%) иҷро гардидааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






