Китоби нав ба забони украинӣ

Август 11, 2011 09:39

Душанбе, 11 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина ба интишори китоб ба забони украинӣ бахшида ба 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мегирад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Дар китоб аз роҳи таърихии тайнамудаи Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият, перомуни душвориҳои зиёди марбут ба ихтилофоти дохилии сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ, ба даст овардани сулҳу суббот дар кишвар, таҷдид ва ислоҳоти иқтисодиёти миллӣ нақл карда мешавад. Фасли махсуси китоб ба ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди равобити дуҷониба бо Украина, густариши ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Украина бахшида шудааст. Ин китоби ҷашнӣ дар давраи чорабиниҳо ба ифтихори таҷлили 20 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба табъ мерасад.

Август 11, 2011 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш