Китоби нав дар бораи таърихи Русия ва Осиёи Марказӣ
Душанбе, 25 август (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Китоби нав таҳти унвони «Дар назди дарвозаи Шарқ» аз чоп баромад, ки аз воқеаҳои таърихи муштараки Русия ва Осиёи Марказӣ аз қарни 1Х пеш аз мелод то рӯзҳои мо нақл мекунад. Таърихшиносу журналистони касбии бахши муносибатҳои байналмилалӣ — доктори илми таърих Виктор Дубовитский, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Ирина Дубовитская ва таърихшинос Ғафур Шерматов муаллифони ин китоб мебошанд. Китоб даҳҳо ҳазор воқеаҳои ҷолиби таърихиро дар бар мегирад, ки аз таърихи муносибатҳои халқҳои Русия ва Осиёи Марказӣ дар марҳилаҳои гуногун шаҳодат медиҳанд.Китоби нав дар матбааи ҶММ «Орбита» бо теъдоди 500 нусха чоп шудааст. Муаллифони китоб ба раиси Шӯрои директорони ҶС «ТАДЭС» Нуралӣ Ниёзов барои расонидани мадад ҷиҳати интишори китоб, ки ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамбоварии миёни халқҳо мусоидат менамояд, изҳори сипос мекунанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






