Коҳиш додани хатарҳои ба тағирёбии иқлим вобаста

Август 15, 2011 16:37

Душанбе, 15 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Таъғирёбии иқлим яке аз масъалаҳоест, ки мавриди баррасии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад. Тоҷикистон низ аз баррасии он дар канор нест. Бо гузаронидани конфронсу чорабиниҳо паҳлӯҳои гуногуни ин масъала пайваста мавриди таҳлили коршиносон қарор мегирад. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти кўмаки башардӯстонаи «Фокус» дар мавзӯи «Устуворӣ нисбат ба офатҳои табиии вобаста ба иқлим» дарси омўзишӣ ташкил карда шуд. Омўзиши мазкур тули се рўз идома ёфта, дар кори он коршиносони тоҷик ва намояндагони як қатор ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок менамоянд. Ҳадафи чорабинии мазкурро коршиносон пеш аз ҳама барои беҳтар намудани кори нафароне, ки ба устуворкунонии ҷамоатҳо машғуланд, маънидод намуда, ин иқдомро воситаи муҳими табодули таҷрибаи якдигар арзёбӣ карданд.Зимни баргузории чорабинии мазкур қайд шуд, ки имрўзҳо дар Тоҷикистон ба хотири кам кардани хатари офатҳои табиӣ ва эмин доштани ҷамоату деҳотҷой аз ин гуна хатарҳо як қатор тадбирҳо амалӣ гардида истодаанд. Ба хотири устувор намудани чунин мавзеъҳо нисбат ба офатҳои табиӣ дар тамоми минтақаҳои мамлакат гурӯҳҳои корӣ фаъолияти босамар доранд, ки бо таҷҳизоти муосир таъминанд.Ҳамчунин зимни чорабинӣ таҷрибаи дигар муассисаҳое, ки дар Осиё фаъолият доранд, мавриди омўзиш қарор дода шуд. Ҳамин тариқ, иштирокчиён як қатор тавсияҳои муҳимро ба хотири роҳнамоӣ ҳангоми фаъолияти минбаъдаи коҳишдиҳии хатарҳои вобаста ба тағирёбии иқлим дар мамлакат пешниҳод намуданд.

Август 15, 2011 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд