Коллеҷи тиббӣ таъмир гардид
Кӯлоб, 11 август. (АМИТ «Ховар», С. Холов). – Ба иттилои сармуҳосиби коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб Нуралӣ Холматов бахшида ба ҷашни 20 – солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ таъмири бинои таълимии коллеҷ ба итмом расида, айни ҳол сохтмончиён онро пардоз медиҳанд. Таъмири бино бо маблағгузории ҶДММ «Пахта» — и шаҳри Кӯлоб ба итмом расида, маблағи масрафгардида 60 000 сомониро ташкил дод.Масъулини коллеҷ тасмим гирифтаанд, ки то ҷашни фархунда дидбонгоҳ ва даромадгоҳи коллеҷи тиббиро аз нав созанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






