Коммунистони Чин озими Душанбе мегарданд
Душанбе, 12 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Як ҳайати баландпоя ва бонуфузи чиноӣ, ки беш аз 70 нафар аст, таҳти роҳбарии Чжоу Юнкан, аъзои доимии Кумитаи бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чин, 21 август озими Душанбе мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон иттилоъ дод. Мавсуф гуфт, ки сафари ҳайати чиноӣ ба Тоҷикистон, ки то 23 август идома меёбад, бо даъвати ҲХДТ ҷараён мегирад.
Дар ҷараёни сафар ҳайати коммунистони Чин бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдулоев ва Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот менамояд.
Ҳамзамон, ҳайати чиноӣ аз Донишкадаи низомии Тоҷикистон, осорхонаи миллӣ ва дигар марказҳои фарҳангии кишварамон боздид мекунанд. Интизор меравад, дар доираи сафари ҳайати коммунистони Чин ба Тоҷикистон дар Душанбе байни ҲҲДТ ва Ҳизби коммунисти Чин созишномаи ҳамкории байниҳизбӣ ба имзо расад.
Ҳоло ҲХДТ бо бархе аз ҳизбҳои ҳокими кишварҳои собиқи шӯравӣ ба мисли «Ени Озарбойҷон»-и Озарбойҷон, «Нур-Отан»-и Қазоқистон ва «Единая Россия»-и Русия ҳамкорӣ дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






