Конфронси экологӣ ба ифтихори ҷашн
Душанбе, 16 август (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Ба ифтихори 20 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии тоҷикистон аз 19 то 21 сентябр дар шаҳри Душанбе конфронс бахшида ба ҷамъбасти «Экспедитсияи якуми илмии байналмилалӣ ба болооби дарёҳои Вахш ва Панҷ» баргузор мешавад.Ин чорабинӣ бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ, Барномаи оид ба идораи хатарҳои иқлимии Осиёи Марказӣ сурат мегирад. Мувофиқи суханони сардори экспедитсия профессор Абдулҳамид Қаюмов — узви вобастаи Академияи муҳандисии ҶТ, натиҷаи экспедитсия имкон медиҳад, ки мероси миллӣ — ҷамъбасти фаъолияти наслҳои мухталифи муҳаққиқони тоҷику шӯравӣ барои истифодаи минбаъда ҳифз шавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






