Корманди ҶСШК «Барқ» дастгир гардид
Душанбе, 25 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ) . — 24 августи соли ҷорӣ кормандони милиса зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванди шаҳри Кӯлоб, корманди ҶСШК «Барқ» Орипов Дилшод Машариповичро дастгир намуданд.Номбурда аз соли 2008 инҷониб дар вазифаи техники шӯъба фаъолият намуда, аз ваколатҳои мансабияш истифода бурда, нисбат ба назоратчиёни дар ихтиёраш буда бепарвоёна ва хунукназарона муносибат намудааст. Дар натиҷаи ин қарзи муштариёни ҶСШК «Барқ» афзоиш ёфта , ба 3 млн. 555 ҳазору 567 сомонӣ расидааст. Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Дар ин бора аз маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






