Кормандони ВКД ҶТ дар ИМА таҳсил намуданд

Август 5, 2011 09:33

Душанбе, 5 август (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 16 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, аз чумла кормандони Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ, ба манзури омӯхтани ҳамкории пулис ва аҳли ҷамъият аз 14 то 24 июл дар иёлоти Ню – Йорк ва Массачусетс буданд. Тавре дар Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин сафар ҷузви лоиҳаи ҳамкории пулис ва аҳли ҷамъияти Шӯъбаи назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи Сафорати ИМА маҳсуб буда, аз ҷониби ширкати Эмерҷенс групп роҳандозӣ шуд.Ҳайат дар қуюди шабгардӣ иштирок намуд, аз қитъаи идораи пулис дидан кард ва ахбороти шӯъбаи пулис оид ба умури аҳли ҷамъиятро дар бораи барқарор намудани муносиботи ҳамкорӣ бо соҳибкорон ҷиҳати ошкор намудани хавфу таҳдиди террористӣ ва таҳким бахшидани кор бо аҳолӣ ва шабакаҳои иттилоотӣ шунид.Нисфи дуюми сафар дар се раёсати пулиси иёлоти Массачусетс сурат гирифт. Ҳайат дар Ню – Бедфорд бо раиси шаҳр мулоқот анҷом дод, ки дар он намояндагони Кумитаи амнияти ҷамъиятӣ низ ширкат доштанд. Гурӯҳи мазкур фаъолияти судро дар мавриди парвандаҳои ноболиғон ҷиҳати ҳамкорӣ бо шӯъбаи маорифи мактаб мушоҳида намуда, дар ҷаласаи ассосиатсияи аҳли ҷамъият иштирок намуд. Намояндагони ассосиатсияи «Safety Net» аз ҷараёни фаъолияташон бо раёсати пулиси Кембриҷ бобати рушди муносибатҳои байни пулис ва ҷавонон нақл намуданд.

Август 5, 2011 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад