Курси такмили ихтисоси занони соҳибкор
Душанбе, 4 август (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Ассосиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон (АМЗСТ) якҷоя бо Ассосиатсияи занони соҳибкори вилояти Боткенти ноҳияи Қадамҷӯи Қирғизистон аз 18 то 24 июли соли 2011 курси такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи қаннодӣ аз рӯи технологияи немисиро доир намуд.Тавре дар АМЗСТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, иштирокдорони курс на фақат ҳамаи нозикиҳои соҳаи қаннодӣ, хусусан технологияи немисии соҳаи қаннодиро аз худ намуданд, балки худашон ҳам маснуоташонро ба маърази намоиш гузоштанд. Дар ин маросим намояндагони маъмурияти мақомоти маҳаллии вилоят, раиси Кумитаи занони ноҳияи Қадамҷӯй, танзимгари Барномаи Рушди СММ Талай Исоев, роҳбари Ассосиатсияи занони соҳибкори вилояти Боткент Тӯхтахон Мамбетова, ҳамчунин намояндагони васоити ахбори омма ширкат доштанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






