Квотаи президентӣ зиёд карда мешавад
Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Раёсати маорифи ВМКБ Ҳукумати ҷумҳурӣ нақшаи қабули донишҷӯёнро аз ин вилоят тибқи квотаи президентӣ сол то сол зиёд менамояд. Соли ҷорӣ ба мактабҳои олии кишвар дар асоси квотаи президентӣ 136 нафар хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қабул карда мешаванд. Соли 2012 ба 144 нафар хатмкунандагони вилоят квотаи президентӣ муқаррар карда шудааст.Тибқи маълумоти манбаъ, ҳамасола қисми зиёди хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумии вилоят ба мактабҳои олии кишвар шомил мегарданд. Бояд тазаккур дод, ки танҳо соли гузашта аз 529 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Хоруғ 307 нафар ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ ва 90 нафар ба донишгоҳҳои олии хориҷи кишвар дохил шуда, соҳиби шаҳодатномаи донишҷӯ гардиданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






