М. Ватанов: «Қонуни афв иқдоми наҷиб аст»

Август 18, 2011 13:36

Душанбе, 18 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 18 август таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, як қатор масъалаҳои муҳим, аз чумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи афв» баррасӣ шуд. Маҳмадалӣ Ватанов, Раиси кумитаи палатаи поёнии парлумони мамлакат дар хусуси лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи афв» фикру андешаҳои худро иброз дошта, гуфт, ки пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур барои баррасӣ ба парлумон иқдоми наҷиби роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат дар моҳи мубораки Рамазон ва дар арафаи ҷашни 20 – солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.Тибқи иттилои Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони мамлакат дар ҷаласа ҳамчунин лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ», «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милиса», «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.

Август 18, 2011 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд