Мақсади сафари Ҳ. Зарифӣ ба Ашқобод
Душанбе, 2 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Имрӯз, 2 август Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо супориши Роҳбари Давлат бо сафари кории дурӯза озими кишвари Туркманистон шуд. Зимни сафар Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, муовини Раиси Девони Вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов, муовинони Раиси Девони Вазирон Боймурод Хоҷамуҳаммадов (соҳаи нафту газ), Шагулиев Назаргулӣ (нақлиёт ва алоқа), Дерягелдӣ Оразов (энергетика ва сохтмон) ва Оразмурод Гурбанназаров (савдо ва саноати сабук) мулоқот доир менамояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






