Маҷлиси коршиносони ИДМ
Душанбе, 2 август (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Имрӯз, 2 август, дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар шаҳри Минск маҷлиси гурӯҳи коршиносон оид ба мувофиқаи лоиҳаи Созишнома дар бораи тартиби таъсисёбӣ ва фаъолияти гурӯҳҳои муштараки тафтишоти фаврӣ дар қаламрави давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Тавре дар дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин ҳуҷҷат асоси танзими ҳуқуқии масъалаҳои таъсисёбӣ ва фаъолияти гурӯҳҳои муштараки тафтишоти фаврӣ дар қаламрави ҷонибҳо ҷиҳати фош ва тафтиш намудани ҷиноятҳо аз рӯи парвандаҳои ҷиноӣ дар қаламрави ду давлат ва proprepharmacie.com аз они ИДМ мегардад.Дар лоиҳа вазифаҳои асосии чунин гурӯҳҳо, тартиби таъсисдиҳӣ ва фаъолияти онҳо зикр дода мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






