Маҷлиси Шӯрои ҳамоҳангсозии ИМД

Август 29, 2011 09:50

Душанбе, 29 август (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов иҷлосияи дуюми Шӯрои ҳамоҳангсозӣ аз рӯи масъалаҳои истифодаи маблағҳои давлатӣ баргузор шуд. Дар маҷлис ҷараёни татбиқи Стратегияи истифодаи маблағҳои давлатӣ дар давраи солҳои 2009 — 2011 мавриди муҳокима қарор гирифта, ҳамчунин Нақшаи нави сесолаи фаъолияти стратегияи истифодаи маблағҳои давлатӣ барои давраи солҳои 2012 – 2014 баррасӣ шуд. Шӯрои ҳамоҳангсозӣ Стратегияи такмили низоми муҳосиботи бахши давлатии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2011 – 2018, Нақшаи сармоягузории густариши фаъолияти бахши андоз барои солҳои 2012 – 2014, стратегияи идораи таълимоти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи стратегии рушди Сарраёсати хазинаи марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2016 – ро тасдиқ намуд.

Август 29, 2011 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд