Махзани илму маърифат мукаммал мегардад

Август 1, 2011 16:13

Душанбе, 1 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҳайати устодону донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа бобати мукаммал гардонидани хазинаи Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ ба ин махзан беш аз 3 ҳазор китобу адабиёт тақдим намуданд. Китобҳои ҷамъовардаи устодону донишҷӯён асосан бадеию публисистӣ, илмию оммавӣ ва динӣ мебошанд, иттилоъ доданд аз Донишкадаи мазкур.Ғайр аз ин хазинаи китобхонаи Донишкада сол аз сол мукаммал гардида, танҳо дар моҳи январи соли равон шӯъбаи китобдории Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба хазинаи китобхона 1600 китоб ворид намуд. Алҳол, дар китобхонаи Донишкада беш аз 5 ҳазор китоби гуногуни илмию бадеӣ нигоҳ дошта мешаванд. Ҳамзамон, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон зимни сафари худ ба Ҷумҳурии Туркия ҳудуди сад адад китобро аз донишгоҳҳои ин кишвар ба ҷумҳурӣ оварда, ба хазинаи китобхонаи Донишкада супорид.

Август 1, 2011 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд