«Манофеи асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар пайванди асрҳо»
Душанбе, 29 август (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Дар нашриёти гайридавлатии «Контраст» — и шаҳри Душанбе нашри дуюми иловашудаи рисолаи Мушовири калони Сарвари давлат оид ба сиёсати хориҷӣ, номзади илми фалсафа Зафар Сайидзода таҳти унвони «Манофеи асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар пайванди асрҳо» аз чоп баромад.Муаллифи асар перомуни фаъолияти бахши сиёсати хориҷии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазъу хусусияти ҳозираи муносибатҳои давлатии Тоҷикистону Русия нақл карда, нуқтаи назарашро дар мавриди хусусияти давраи ҳозираи тақдирсози таърихи башарият, аз ҷумла дар ҷанбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва раванди сиёсии ҷаҳон баён менамояд.Дар ин рисола бори нахуст дар адабиёти таърихию сиёсии илмӣ марҳилаҳои рушди сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон таҳлил ёфта ва фикри асоснок дар бораи роҳу усулҳои такмили механизми таҳлил, қабул ва татбиқи амалии қарорҳои марбут ба сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ зикр дода мешавад. Дар рисола бори нахуст кӯшиш шудааст, ки манофеи асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи маводи зиёди аслӣ, ки ба 4 боб тақсим шудаанд, нишон дода шавад. Боби рисола дар бораи авлавиятҳои сиёсати хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар партави изҳороту фаъолияти ӯ дар солҳои 1999 — 2003 яке аз бобҳои ҳаҷман ва мазмунан калонтарини китоб ба шумор меравад. Бобҳои алоҳидаи ин рисолаи ҳуҷҷатии илмӣ ба авлавиятҳои фаъолияти байналмилалии давлати Тоҷикистон дар солҳои 1990 – уми асри бист ва ҷомаи амал пӯшонидани манофеи миллии он дар арсаи ҷаҳон бахшида шудаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






