Мардум аз орд ва дигар маводи ғизоӣ танқисӣ намекашанд
Душанбе, 10 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар натиҷаи меҳнати пурмаҳсули деҳқонону фермерҳои ноҳияи Рӯдакӣ кишти зироати кишоварзӣ ба 21 ҳазору 230 гектар расид, ки он нисбат ба соли 2010 2221 га зиёд аст,- иброз дошт раиси ноҳия Саидмурод Тағоев ба мухбири АМИТ «Ховар».Соли ҷорӣ дар майдони 11 ҳазору 587 га гандум, дар масоҳати 1047 га ҷав, дар 288 га макка барои дон ва 48 га шолӣ кишт шуда буд. То 20 – уми июл ҳосили масоҳати 9 ҳазору 140 га ғаллазори ноҳия дарав ва беш аз 50 фоизи он кӯфта шуд, ки ҳосилнокии он дар заминҳои обӣ аз ҳар гектар 26,5 сентнериро ташкил дод.Дар мавсими ҷамъоварии ҳосил техникаи ҳосилғундор ба хубӣ истифода бурда мешавад. Дар заминҳое, ки аз кишти асосӣ озод шудаанд, кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли 2010 883 га зиёд аст. Соли ҷорӣ хоҷагиҳо ҳамчунин ҳосили хуби картошка ва сабзавот рӯёниданд. Хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)–и ноҳия ҳамасола ба дастовардҳои хуби меҳнатӣ ноил мегарданд.- Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки мардум дар мушкилтарин солҳо ҳам аз орд ва дигар маводи ғизоӣ танқисӣ намекашанд, зеро онҳо таҷрибаи хуби ҳаётӣ ва хоҷагидорӣ доранд,- афзуд раис дар хотима.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






