Машварат дар СААД

Август 4, 2011 10:52

Маскав, 4 август (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – Мутобиқи нақшаи машварати намояндагони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) аз рӯи масъалаҳои сиёсати хориҷӣ, амният ва мудофиа 2 август таҳти раёсати муовини Котиби генералии СААД А.Бадалян барои мутобиқ намудани мавқеҳои давлатҳои аъзои СААД аз рӯи масоили рӯзномаи иҷлосияи қарибулвуқӯи 66 – уми Ассамблеяи Генералии СММ машварат баргузор шуд.Дар Раёсати иттилоот ва матбуоти ВКХ ҶТ дар ин бора ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.Иштирокдорони машварат авлавиятҳои умумии иҷлосияи қарибулвуқӯи Ассамблеяи Генералии СММ – ро дар партави нуктаҳои Қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ таҳти унвони «Ҳамкории миёни СММ ва СААД», Эъломияи муштарак дар бораи ҳамкории байни Котиботи СААД ва Котиботи СММ, натиҷаи гуфтушуниди котибони генералии СААД ва СММ ва қарорҳои дар доираи СААД қабулшударо мавриди муҳокима қарор доданд. Ҳамчунин масоили марбут ба ислоҳоти СММ, аз ҷумла, Шӯрои Амният, вазъи Афғонистон, ҳуқуқҳои инсон, имконоти мутобиқ намудани мавқеҳои давлатҳои аъзои СААД аз рӯи проблемаҳои дар иҷлосияи СММ муҳокимашаванда, ҷиҳатҳои мухталифи ҳамкории СААД ва СММ баррасӣ шуданд.

Август 4, 2011 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад