Мавсими қабул ва боздошти омӯзгор

Август 4, 2011 10:33

Душанбе, 4 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд омӯзгори Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд А.А (исмаш барои халалдор нашудани рафти тафтишот оварда нашудааст) бо мақсади дохил намудани довталаб ба донишкадаи мазкур ва бо роҳи тамаъҷӯӣ гирифтани пора ба андозаи 2 ҳазору 300 доллар айбдор дониста шуд.Тибқи маълумоти мавҷуда омӯзгори калони кафедраи забонҳои хориҷии Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд А.А ҳангоми гирифтани пора аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд боздошт шудааст. Нисбат ба омӯзгори номбурда бо моддаи 247 қ.2 (қаллобӣ) –и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот бурда мешавад.

Август 4, 2011 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад