Минаҳои зиддитанкӣ мусодира шуданд

Август 1, 2011 09:44

Хоруғ, 1 август. (АМИТ «Ховар», Лутфишоҳ Додоев). – Дар нишасти матбуотӣ, ки дар прокуратураи вилоят бо иштироки рӯзноманигорони ватанию хориҷӣ баргузор гардид, прокурори вилоят Арабшо Сиддиқов иттилоъ дод, ки ҳангоми тафтишот ва анҷоми корҳои ҷустуҷӯӣ аз сокинони шаҳри Хоруғ 13 намуд яроқи вазнини ҷангӣ, аз ҷумла як автомати Калашников, панҷ минаи зиддитанкӣ ва таппончаву милтиқ мусодира гардид. Дар давоми шаш моҳи соли равон бо кӯшиши мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят аз аҳолӣ 62 намуди яроқи оташфишон мусодира шуд. Дар ин давра мубориза алайҳи ғайриқонунӣ аз худ намудани молу мулки давлатӣ дар қиёс бо соли гузашта нисбатан пурзӯр гардид. Дар давоми нимсола нисбати 32 нафар парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, зиёда аз 235 ҳазор маблағи давлатӣ бозпас гардонида шуд.Дар нимаи аввали соли ҷорӣ 30 кг 156 гр маводи нашъадор мусодира гардид, ки ин миқдор нисбати соли гузашта зиёд аст.

Август 1, 2011 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд