Мо ҳам аз партовҳо сӯзишворӣ истеҳсол мекунем?
Душанбе, 30 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Мушкилоти нарасидани сӯзишворӣ ва болоравии қимати он боиси баланд шудани нархи маводи ғизоӣ нафақат дар Тоҷикистон, балки дар сар то сари олам шудааст. Бо мақсади раҳоӣ аз он, як қисми давлатҳои дунё дар пайи дарёфти сӯзишвории арзон, аз қабили биоэтолон, ки аз партови растаниҳо, ҷуворимакка ва дигар намуди ғалладона истеҳсол мешавад, оғоз намуданд. Айни замон давлатҳои Бразилия, Олмон, Украина аз сӯзишвории арзони этолон истифода мекунанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ширкати «Фондарё» ба истеҳсоли сӯзишвории биоэтолон машғул аст, ки он ҳам ба қадри зарурӣ истеҳсол намекунад.Ширкати «Алфакат» — и Олмон тавассути дастгоҳи катализатори бидуни фишор «КСД – 500» дар асоси партовҳои резинӣ, пластикӣ, устухон, партовҳои ҳайвоноту растаниҳо сӯзишвории баландсифати дизелӣ истеҳсол мекунад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагии ширкати «Алфакат» — и Олмон бо сардории олим Алимхон Бурҳонов таъсис ёфтааст. Ба гуфти мутахассисони хоҷагии коммуналӣ дар партовгоҳи шаҳри Душанбе беш аз 25 млн. метри мукааб партов мавҷуд аст. Аммо фаъолияти намояндагии ширкати «Алфакат» дар ҶТ чӣ қадар босамар хоҳад буд, вақт довар аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






