Муҳоҷирати бебозгашт рӯ ба афзоиш
Душанбе, 18 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти шӯъбаҳои шиносномадиҳии Вазорати корҳои дохилии ҶТ тайи 7 моҳи соли ҷорӣ муҳоҷирати бебозгашти дохилӣ ва хориҷӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 афзудааст. Шумораи умумии муҳоҷирон (шумораи аҳолии кӯчомада ва ҷамъи умумии аҳолии кӯчрафта) дар давоми моҳҳои январ – июли соли равон 33,7 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 14,3 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла, аҳолии кӯчомада 15,4 ҳазор нафар ва аҳолии кӯчрафта 18,3 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд.
Шумораи умумии муҳоҷирони дохилӣ бо иваз кардани ҷойи истиқомат дар моҳҳои январ – июли соли ҷорӣ дар вилояти Суғд 10 ҳазор нафар, ВМКБ — 1,1, ҳазор нафар, вилояти Хатлон -7,1 ҳазор нафар ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 8,9 ҳазор нафар зиёд шудааст








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






