Муҳокимаи дурнамои ҳамкории ҶТ ва КБСС
Душанбе, 22 август (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 19 август дар Намояндагии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар баргузор шуд, ки дар он намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.Дар ҷараёни мизи мудаввар дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо созмони байналмилалии мазкур аз рӯи масоили ба назари эътибор гирифтани меъёрҳои ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амри ислоҳоти системаи муассисаҳои ислоҳи меҳнатӣ ва аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ дидан кардани намояндагони КБСС баррасӣ шуданд.Зимни мулоқот ба таври расмӣ изҳор шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, аз маҳалҳои маҳрумият аз озодӣ дидан намудани намояндагони КБСС – ро ҳамаҷониба пуштибонӣ намояд. Ҷонибҳо аҳд карданд, ки ҳамкорию гуфтушунидро дар ин самт идома диҳанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






